- бастан
- [بستن]1. гиреҳ карда пайвастан, нӯг ба нӯг васл кардан (нӯги ду риштаро)2. чизеро ба чизе ё ба ҷое бо банд пайвастан (аспро ба ароба, харро ба дарахт, барзаговро ба ҷуфт ва ғ.); муқоб. кушодан3. печондан (чизеро ба чизе); салла бастан салларо ба гирди сар печонидан4. тиб. латтапеч кардан (мас., ҷароҳатро); ҷо ба ҷо монда печондан (ҷои шикастаи устухонро)5. банд кардан, масдуд кардан (мас., пеши обро бо банд); роҳи (пеши роҳи) касеро бастан монеи кори касе шудан, ба касе имкони иҷрои кореро надодан6. пӯшондан (дару тирезаро); қулф зада маҳкам кардан; муқоб. боз кардан7. маҷ. маҷбур ба бозистодан кардан, қатъи фаъолият намудан(-и идора ё мағозае)8. баровардан, мева пайдо кардани растание: муғҷа бастан, ғӯра бастан, хӯша бастан9. афсурдан, мунҷамид шудан: ях бастан, қаймоқ бастан10. мунъақид кардан, қабул кардан (қарордод, шартнома ё аҳду паймони байни ду кас ё ду давлат): аҳднома бастан, шартнома бастан11. чун феъли ёридиҳанда бо баъзе калимаҳо омада, феъли таркибӣ месозад: бор бастан, занҷир бастан, нақш бастан, рахт бастан, саф бастан; манаҳи касеро бастан а) бо порчаи суфе сару манаҳи мурдаро печонда бастан (то ҷоғаш наафтад); б) маҷ. касеро хомӯш кардан, аз гапи бисёр боздоштан◊ дил бастан а) меҳр мондан, дӯст доштан; б) розӣ шудан, тан додан; лаб (фурӯ) бастан хомӯш (сокит) шудан, сукут кардан; меҳр бастан дӯст доштан, нағз дидан, дил бастан; умед бастан дар умеди касе (чизе) шудан, чашм доштан; умедвор шудан; чашм (дида) бастан чашм пӯшидан, нанигаристан; шеър бастан шеър бофтан, шеър эҷод кардан; бори сафар бастан // рахти сафар бастан сафар кардан, мусофират кардан; рафтан; даҳони касеро бастан касеро хомӯш кунондан, аз гуфтор боздоштан; забони касеро бастан касеро хомӯш кардан, касеро аз сухан бозмонондан; ба по ҳино бастан гуфт. дар мавриди суст ҳаракат кардани ягон воситаи нақлиёт ё дар иҷрои коре шитоб накардани касе гуфта мешавад; сӯҳбат қаймоқ бастани тафсидани сӯҳбат (авҷ гирифт)
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.